Ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия тасмим дорад дар Тоҷикистон Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад

Апрель 16, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» ният дорад, ки бо иҷозати мақомоти Тоҷикистон ҳамчун макони омӯзиши таҷрибаи фаъолияти пешсафи ин ширкат ба шаҳрвандони тоҷик Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад. Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳоди ширкат аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ барои сохтмон ва фаъолияти минбаъдаи онро ширкат ба зиммаи худ гирифта, низоми таҳсил ва мудирияти донишгоҳ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ин нуктаро 14 апрел ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия Муҳаммад Акил зимни мулоқот бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баён дошт.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкили квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия аз ҷониби ин ширкат ва ба ин васила, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф, илм ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки миёни ҳукуматҳои Малайзияю Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2023 ва миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду донишгоҳи кишвари Малайзия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Робитаҳои дӯстонаву дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия сабаб гардиданд, ки дар соҳаҳои гуногуни фаъолият миёни ҳарду давлат табодули таҷрибаи мутақобили судманд анҷом ёбад.

Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки робитаҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ бояд тақвият ёбанд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш ёфтани ин робитаҳо чораҳои судманд роҳандозӣ менамояд.

Ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия Муҳаммад Акил иброз дошт, ки қаблан бо вазирони иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрӣ дошт ва аз натиҷаи ин вохӯриҳо қаноатманд аст. Ӯ бо умедворӣ афзуд, ки мулоқот бо Вазири маориф ва илм низ барои ҳарду тараф аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Мавсуф зикр кард, ки ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи ин давлат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, неругоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ, сохтмон ва ғайра ба роҳ мондааст. Ҳамзамон он таҷрибаи таъсиси донишгоҳҳо дар дигар кишварҳои хориҷиро дошта, дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Апрель 16, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ НАКӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ташкил гардид
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид