Сомон Маҳмадбеков ба финали Чемпионати Осиё-Океания баромад

Апрель 7, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 7 апрел дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания, ки   дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, се паҳлавони шинохта — Сомон Маҳмадбеков-73кг, Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров, ҳарду дар вазни -81кг ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нахустин шуда, варзишгари шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман — Айяш Аҳмад рақобат намуда, пирӯз шуд ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар марҳилаи мазкур Сомон бар Муҳаммадӣ Муҳаммад аз Эрон ғолиб омада, ба марҳилаи ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Сомон Маҳмадбеков бо барандаи медали тиллои Tunis Grand Prix 2018 — Жансай Смагулови қазоқ қувва  санҷид. Дар ин рақобат паҳлавони мо аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Акнун барои садо додани Суруди миллии Тоҷикистон  Сомон Маҳмадбеков бо қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим рақобат мекунад.

Ҳамчунин   дар ин рӯз рақобатҳои паҳлавонони дигари  тоҷик, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни  -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари  мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари  дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов бо паҳлавони  эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ рақобат мекунад.

Апрель 7, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад