Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати Осиё-Океания соҳиби медали нуқра шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш ғолиб омада, дар финал аз қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нахустин шуда, варзишгари шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман — Айяш Аҳмад рақобат намуда, пирӯз шуд ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар марҳилаи мазкур Сомон бар Муҳаммадӣ Муҳаммад аз Эрон ғолиб омада, ба марҳилаи ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Сомон Маҳмадбеков бо барандаи медали тиллои Tunis Grand Prix 2018 — Жансай Смагулови қазоқ қувва санҷид. Дар ин рақобат паҳлавони мо аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Сомон Маҳмадбеков дар финал бо қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим сабқат намуда, шикаст хӯрд ва мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз рақобатҳои паҳлавонони дигари тоҷик, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов аз паҳлавони эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳои Чемпионати Осиё-Океания маҳрум шуд.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






