ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, ҷумъа, 120- умин рӯзи соли 2021 аст
30 апрели соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020-ро тасдиқ намуд.
***
6 сол пеш, 30 апрели соли 2015 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кард.
30 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии ҷаз.
***
Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Россия.
РӮЙДОДҲО:
30 апрели соли 1949 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ба кор даромад.
***
30 апрели соли 1963 истгоҳи нави Роҳи оҳани «Душанбе» ба кор оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир шуд.
***
30 апрели соли 2014 дар шаҳри Ар-Риёз Форуми байналмилалии иқтисодии «Лигаи давлатҳои араб + Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон» ба кори худ оғоз намуд.
***
6 сол пеш, 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА муҳокима шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе созишномаи грантӣ оид ба беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1789 Ҷорҷ Вашингтон бо ҷонибдории ҳамаи овозҳо аввалин президенти ИМА интихоб шуд.
***
Соли 1939 намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар шаҳри Ню-Йорк ифтитоҳ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






