«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Дар Душанбе маросими тантанавии ифтитоҳи Ҳафтаи байналмилаллии мӯд баргузор гардид

Апрель 3, 2021 12:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳафтаи байналмилалии мӯд — «Tajikistan fashion week-2021», ки 2 апрел дар меҳмонхонаи Hyatt Rejency Dushanbe оғоз ёфт, дар радифи тарроҳони хориҷӣ  9 нафар тарроҳи ватанӣ — Умед Кучкалиев «UMED KUCHKALIEV»,  Фарангис Азимова    «FARA AZIM», Садбарг Мирраҳимӣ, Сулҳия Ғуломова,  Нафиса Имронова «ZHIWJ», Адолат Абдуҳалимзода «MAKKE EENN», Шабнам Иброҳим, Ирода ва Ситора Солиҳоваҳо  намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд.

Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо дастгирии  Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси иттиҳодияи  эҷодии «Т&Z»  дар пойтахти ҷумҳурӣ  шаҳри Душанбе созмон дода шуда,  дар маросими ифтитоҳи он  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони машҳури  кишварҳои хориҷӣ, намояндагони корпуси  дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ҳафтаи мӯд   муаррифии маҳсулот дар сатҳи мӯди касбӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои либосҳои анъанавии миллӣ, асолати этникӣ ва омезиши гуногунрангии либосҳо ба шумор меравад.

Дар қатори тарроҳони ватанӣ инчунин тарроҳон аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами мӯд мегардонанд. Коллексияҳои таҳиянамуда асосан аз либосҳои занонаи ба таври миллию аврупоӣ дӯхташуда иборат мебошад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳафтаи баналмилалии мӯд барои ҷалби бештари  меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварда,  ба ин восита ҳамкории ҳунармандон-тарроҳони кишвар  бо тарроҳони хориҷӣ густариш меёбад. Дар рӯзи аввали баргузории Ҳафтаи мӯди  тарроҳони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россия колексияи тирамоҳиву зимистонаи худро  пешниҳоди  дӯстдорони олами мӯд гардониданд.


 Умуман  дар  Ҳафтаи байналмилалии  мӯд Tajikistan fashion week-2021   тарроҳони кишварҳои  Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат менамоянд.

Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021гузаронида шуда, қадами муассирест дар  таҳкими  робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тарроҳони кишварҳои хориҷӣ, муаррифии ҳунари тарроҳони чирадасти тоҷик ва эҳёю сайқали ҳунарҳои мардумӣ.

Интизор меравад, ки дар доираи Ҳафтаи байналмилалии мӯд    донишҷӯёни риштаи таррроҳии макотиби олии Тоҷикистон ва тарроҳони дорои имконияти маҳудуди кишвар иштирок намуда,  маҳорати зебоиофарии худро  ба маъраз гузоранд. Дар ҷараёни  Ҳафтаи мӯд  9 нафар тарроҳи ватанӣ намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд. Инчунин  дар ҷараёни Ҳафтаи мӯд брендҳои ҷаҳонӣ, ки ба истеҳсоли либос машғуланд, иштирок  менамоянд.

Ҳафтаи мӯд ҳамчун таҷрибаи пешқадами соҳа  дар аксари кишварҳои хориҷӣ эътироф гардида,  соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон  ташкил карда мешавад ва он то 4 апрел идома меёбад.

 

АКСҲО: Вазорати саноат ва технологияҳои муосир

Апрель 3, 2021 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид