ТАСС: Кормандони полис гумонбари ҷинояти куштори шаҳрванди Тоҷикистонро дар Москваи нав боздошт карданд

Апрель 1, 2021 12:04

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони полис мардеро боздошт карданд, ки барои  ҳамроҳ будан  дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми муноқишаи байни ронандагони таксӣ дар деҳаи Мосрентгени шаҳри Москваи нав гумонбар дониста мешавад, менависад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар Москва. 

«Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони полис марди соли таваллудаш 1995 дастгир карда шуд», — омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки 27 март байни ронандагони таксӣ дар Москваи нав  муноқиша ба вуҷуд омада, ба задухӯрд бо истифода аз корд ва силоҳи травматикӣ  табдил ёфтааст.  Дар натиҷа се нафар ҷароҳат бардошта, як кас фавтидааст.

Тавре ки намояндаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Федератсияи Россия дар Москва Юлия Иванова ба ТАСС гуфт, гумонбар дар вилояти Тула боздошт шудааст.

                                                АКС аз бойгонӣ

Апрель 1, 2021 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд