Татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025» дар соли 2020 ва натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар семоҳаи якуми соли равон дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Турсунзода доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳал иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар оид ба вазъи иҷрои марҳилавии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ» дар шаҳри Турсунзода ва мавзӯъҳои рушди соҳаи саноат, вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди сайёҳӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби тоза, рушди варзиш ва ҷавонон сухан гуфта, диққати иштирокчиёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат равона намуд.
Дар ҷаласа Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва норасоиҳо дар ин самт сухан гуфта, роҳҳои бартараф намудани онҳоро пешниҳод намуд.
АКСҲО: Кумитаи рушди маҳал








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






