Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сиёсат ва ҳамкории байналмилалӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима намуданд, ки аксари кулли онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда буданд.
Аз ҷумла, дар рӯзнома- қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ», «Дар бораи системаи ягонаи даъват ба хадамоти ҳолатҳои фавқулодда», «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ», «Дар бораи тағйирёбии рақамии соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ», Тавсияҳо оид ба рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ, Кодекси намунавии андоз барои давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиёни кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд. Аз рӯзи таъсис Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ-Ассамблеяи байнипарлумонӣ мақоми худро ҳамчун як платформаи оптималӣ барои кори якҷояи парлумонҳо, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯз ва наздикшавии мавқеи давлатҳои ИДМ собит менамояд. Пойгоҳи таҳияшудаи қонунгузории намунавӣ ва таҷрибаи муқарраргардидаи ташкили ҳамкории байнипарлумонӣ ба парлумонҳо имкон медиҳад, ки дар равандҳои ҳамгироӣ дар шаклҳо ва параметрҳои барои онҳо қобили қабул ширкат варзанд.
Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Аксҳо аз Маҷлиси намояндагон








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






