Варзишгари маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад

Апрель 22, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 апрел  варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад. Рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай мебошад. Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Муродалӣ Тешаев  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Муборизаи мазкур дар ИМА баргузор мешавад. Аслан набарди Лоиқ Раҷабов бо варзишгари  амрикоӣ-Ҷонни Кейс ба нақша гирифта шуда буд. Рақобат бояд 21 апрел баргузор мешуд, аммо бино ба гузориши расонаҳо, Ҷонни Кейс барои зӯроварии хонаводагӣ боздошт ва дар ҳабс дар Невада қарор дорад. Муборизаи Раҷабов аз 21 апрел ба 23 апрел мавқуф гузошта шуд ва рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай гардид.

Мартинес бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Омори Раҷабов низ бад нест: 17 муҳориба- 14 ғалаба.

Рақобат дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар ИМА баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов дар байни сокинони Тоҷикистон бо ҳунарнамоиҳои муваффақонаи худ дар лигаи PFL -и Амрико, ки дар мавсими гузашта ба финал баромада буд, машҳур аст. Дарвоқеъ, ғолиби ин мусобиқа 1 млн. доллар ба даст овард. Пеш аз ин Лоиқ дар мусобиқаҳои гуногуни муҳорибаҳои омехта дар Германия, ки 4 соли охир дар он ҷо сукунат дошт, баромад мекард.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи N77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Лоиқ Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчида, дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.

То имрӯз Раҷабов дар 17 муҳориба ширкат карда, 14 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт дорад.

                                                                                                                              Акс аз манбаъҳои боз

Апрель 22, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд