Вазири корҳои дохилӣ аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар ВМКБ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар ВМКБ дидан карда, бо ҳайати шахсии ин раёсат вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни вохӯрӣ бо омодабошӣ ва шароити хизматбарии кормандони милитсия шинос шуда, зикр кард, ки ҳайати шахсӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аъзои ҳайати шахсӣ изҳор доштанд, ки тамоми шароити зарурии хизмат фароҳам буда, баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ саҳми арзанда ва фаъолияти назаррас нишон хоҳанд дод.








Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд






