Вазири корҳои дохилӣ аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар ВМКБ дидан намуд

Апрель 19, 2021 13:06

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар ВМКБ дидан карда, бо ҳайати шахсии ин раёсат вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири корҳои дохилӣ зимни вохӯрӣ бо омодабошӣ ва шароити хизматбарии кормандони милитсия шинос шуда, зикр кард, ки ҳайати шахсӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аъзои ҳайати шахсӣ изҳор доштанд, ки тамоми шароити зарурии хизмат фароҳам буда, баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ саҳми арзанда ва фаъолияти назаррас нишон хоҳанд дод.

 

Апрель 19, 2021 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид