Вазорати молия ва агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» мудирияти қарзи хориҷии Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии маҷозии муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s» 26 апрел баргузор шуд.
Тавре Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва фискалӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба сиёсати фискалии кишвар, мудирияти қарзи хориҷӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s» дар оянд низ ба таври самаранок рушд хоҳад кард.
АКС аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ









Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






