Волейболбоздухтарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони Қирғизистонро мағлуб намуданд

Апрель 22, 2021 19:10

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Волейболбоздухтарони ҷавони Тоҷикистон дирӯз дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи чемпиони  дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши СССР Вера Дуюнова, ки 21-23 апрел дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор мегардад, бо ҳисоби 3:0 бар варзишгарони Қирғизистон ғолиб омаданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ин мусобиқа, ки байни духтарони то 17-сола доир гардид, 6 даста рақобат карданд. Ҳадафи ташкили мусобиқа пайдо кардани варзишгарони болаёқат дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳо барои Бозиҳои осиёии Ханчжоу-2022 ва Олимпиадаи Париж-2024 мебошад.

Дар он дар баробари намояндагони Ӯзбекистон варзишгарон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ширкат карданд.

Дар мусобиқа намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё иштирок намуданд.

«Вера Дуюнова дар ҳайати дастаи мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ғолиби Бозиҳои олимпии Мексика-1968 ва Мюнхен-1972 гардида буд. Вай инчунин муваффақ шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон дар соли 1970 дар Булғория ва соли 1973 дар Уругвай ғолиб ояд. Пас аз ба итмом расонидани фаъолияти касбии худ В.Дуюнова ба оммавӣ гардонидани варзиши бачагона ва занона дар Ӯзбекистон машғул буд. Вай солҳои зиёд роҳбари мактаби махсусгардонидашудаи волейбол буда, донишу таҷрибаи худро ба насли наврас дарс медод. Инчунин ба ҳайси ноиби президенти КМО Ӯзбекистон кор кардааст»,- гуфт котиби генералии Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳусан Насруллоев.

 

ДАР АКС: дастаи волейболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акси АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2021 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад