Жириновский гуфт, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус» ба матни суруд дахл дорад, на ба миллати овозхон Манижа
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари фраксияи ҲЛДР (ЛДПР) Владимир Жириновский шарҳ дод, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус», ки бо он сароянда Манижа, зодаи Душанбе дар озмуни сурудҳои “Евровидение” аз Россия намояндагӣ хоҳад кард, ба миллати сароянда иртибот надорад. Дар ин бора «РИА Новости» хабар додааст.
«Аз арзёбиҳои баъзе шореҳон, аз ҷумла сиёсатшинос Георгий Бовт, ки танқиди моро ба миллати сароянда рабт медиҳанд, ҳайронем. Сухан дар бораи ин намеравад. Шахсан ман вақте ки дар бораи суруд суҳбат мекардам, танҳо матни онро дар назар доштам», — навиштааст Жириновский дар Телеграм — канали шахсиаш.
Жириновский зикр кард, ки арзёбии зани рус дар суруди Манижа барои муаррифии кишвари мо дар озмуни байналмилалии суруд мувофиқ нест. Раиси ҲЛДР исрор меварзад, ки дар суруд набояд калимаҳое вуҷуд дошта бошанд, ки шаъну эътибори зани русро паст бизананд.
Ёдовар мешавем, ки 1 апрел сиёсатшинос ва рӯзноманигори рус, собиқ муовини сармуҳаррир ва сардабири рӯзномаи «Известия» Георгий Бовт дар мавҷи радиои Business FM чунин гуфт: «Нармии сиёсӣ — ин ҳоло барои мо нест. Аз «пирӯзии зани тоҷик» барои иштирок дар озмуни сурудҳо огоҳӣ ёфта, «фатводиҳандагон» ва «ифшогарон» аз ҳама тарқишҳо сар берун бароварданд. Шарм надошта, дар бораи миллаташ ҳам гуфтанд. Масалан, Владимир Жириновский гуфт: “Ман мутмаин нестам, ки ин барои баланд бардоштани эътибори зани рус ва дар маҷмӯъ Россия хуб аст. Кӣ ӯро интихоб кардааст? .. Чунин суруд ба кӣ лозим аст?». Мусиқинавоз Юрий Лоза изҳори андеша кардааст, ки суруди Russian Woman ба фарҳанги русӣ робита надорад. Публитсистҳои православӣ ба хашм омаданд ва суханони онҳоро беҳтараш иқтибос наоварем… ».
Георгий Бовт ин суханонро аз суруди Манижа иқтибос овардааст: «Ҳар як зани рус бояд бидонад: ту ба андозаи кофӣ қавӣ ҳастӣ, ки ҳар гуна деворро бишикофӣ!» ва мегӯяд: “Дар суруд инчунин афкори қолабӣ дар бораи оила ва қолабҳои зебоӣ, ки ҷамъият онҳоро таҳмил мекунад, хандахариш мешаванд. Дар даврони cancel culture мулоимии сиёсии ҷанговар ва тантанаи идеяҳои Black Lives Matter -и Шабакаи аввал таҳти роҳбарии Константин Эрнст бори дигар, тавре ки дар Олимпиадаи Сочи, «шакли содиротӣ» -и «неруи нарм» -и Россияро фикр карда баровард”, ки бо он ҳатто дар Роттердам баромад кардан шармовар нест”.
АКСИ u-f.ru








Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад






