15 май мавсими нави Лигаи футболи бонувон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар мавсими нав доир гардид. Мавсими нави Лигаи футболи бонувон 15 май оғоз шуда, дар ду марҳила сурат мегирад. Дастаҳо дар мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Чемпионати чоруми Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 10 даста иштирок мекунанд: “Зебонисо” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Суғд” (Суғд), “Конибодом” (Конибодом), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Нушофарин» (Бохтар).
Чун анъана Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои бонувонро бо либоси варзишӣ ва тӯб таъмин намуд. Федератсия ҳамчунин ҳаққи хизмати доварон ва хароҷоти сафари дастаҳоро дар меҳмонӣ пардохт мекунад.
Ғолиби мавсими гузаштаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и Душанбе мебошад.
Қуръакашӣ дар даври аввали Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон
Даври 1
15 май (шанбе)
«Зебонисо» — «Бешкент»
«Суғд» — «Равшан»
«Зебо» — «Нушофарин»
«Ҳосилот» — «Хатлон»
«Конибодом» — «Чашма»
АКС аз ФФТ








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






