28 МАЙ — РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Ба ин муносибат дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 май бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи «Устод Рӯдакӣ» таҳти унвони «Марзбонони содиқи Ватан» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба муҳофизону марзу буми Ватан ва кормандону хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ расонида, зикр намуд, ки суботу оромии кишвар самараи заҳмату талошҳои шобонарӯзӣ ва хастанопазири ин посбонони шуҷои мамлакат мебошад.
Зикр гардид, ки саҳми кормандону афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва моликияти давлату шаҳрвандон беназир буда, онҳо ин рисолати худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро менамоянд.
Таъкид шуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти қушунҳои сарҳадӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохиливу берунаи кишвар мубаддал гардид.
Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдусаттор Шоҳиён ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майор Сафаралӣ Мирзозода суханронӣ намуда, тамоми кормандону хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва сокинону меҳмонони пойтахтро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Ба хотири эҳтирому эътимод ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои афсарону сарбозон, ба як зумра афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва волидайни онҳо, ки фарзандонашон имрӯзҳо содиқона дар ҳимояи марзу буми кишвар қарор доранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷоизаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт.Тибқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28 май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватан шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон хубтару беҳтар гардида истодааст.
Сипас чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






