Эмомалӣ Раҳмон: «Додани хайроту садақот ва амалҳои хайр вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмин аст»

Май 12, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 12.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад. Ин нуктаро Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати иди саиди Фитр изҳор доштанд.

Сарвари давлат илова намуданд, ки дар ояти шастуми сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».

Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии иди саиди Рамазон дар хитоб ба мардуми шарифи кишвар иброз медорад, ки инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рўзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда, ба онон некӣ намояд.

«Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Мавриди зикр аст, ки эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон ва беморону дармондагон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор мегардад.

Бо назардошти ин, соҳибкоруну шахсони саховатпеша ва хайрхоҳро мебояд бо анҷом додани амалҳои хайру савоб нисбат ба ятимону эҳтиёҷмандон, бахусус дасти ёрӣ дароз намудан ба осебдидагони офатҳои табиии рӯзҳои охир аз ин тоифа дастгирӣ намоянд. Амали неки онҳо дар ин рӯзҳои барои онҳо душвор ба маврид ва пурсавоб арзёбӣ мегардад.

Май 12, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид