Абдуҷаббор Азизӣ ва Лю Бин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳизбиро баррасӣ намуданд

Май 6, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лю Бин баргузор гардид. Зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баррасӣ шуда, наздикии мавқеи ҷонибҳо оид ба аксари масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид гардид. Дар ин бора аз  шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода низ иштирок доштанд.

Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафирро хуш пазируфта, оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи бузурги созандагӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки имсол барои кишварҳои мо соли муҳим маҳсуб меёбад – истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин.

Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ба ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ беш аз 10 сол татбиқ мегардад, баҳои муносиб дода, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.

-Мо ҳамеша кумаки дӯстонаи шарики стратегии худ — Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ҳалли масъалаҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим эҳсос менамоем, — гуфт. А.Азизӣ ва афзуд, ки мо дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, ки аз сиёсати хориҷии хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, изҳори омодагӣ менамоем.

Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат неруи тоза мегирад.

— Дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ мо ҳамеша дастгирӣ ва ҳамовозии Тоҷикистонро бо кишвари худ эҳсос мекунем ва аз ин раванд қаноатмандем. Имрӯз Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, минбаъд низ ба ҳайси шарики стратегӣ дар ҳалли якчанд масъалаҳои муҳим кумак хоҳад расонид,-гуфт Лю Бин.

Ҳоло муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикӣ касб намуда, саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид гардид.

АКС аз КИМ ҲХДТ

Май 6, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид