Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ доир шуд

Май 26, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ  оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ- «Дар бораи ғалладона», «Дар бораи режими ҳуқуқии қаламравҳои ифлосшавии радиоактивӣ», инчунин консепсияҳои лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ-  «Дар бораи амнияти экологӣ» (таҳрири нав), «Дар бораи дастрасӣ ба маълумоти экологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда» (таҳрири нав), «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ», «Дар бораи кишоварзии органикӣ» мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд. Аъзои комиссия ҳамчунин  иттилоъро дар бораи ҳамкории кӯҳии назди Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (Шарикии кӯҳистон) ва маърӯзаҳоро роҷеъ ба конфронси «Симои шаҳри муосир», ки ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудааст, шуниданд.

Ҳамзамон ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор шуд, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода сухан гуфт.

Дар ҷаласа масъалаҳои калидӣ – «Лоиҳаҳои тавсияҳо оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамӣ» , «Тавсияҳо оид ба ташкили равишҳои ягона дар масъалаи пешниҳоди нусхаи қонунии нашрияи чопӣ- шакли электронӣ дар кишварҳои узви ИДМ», «Тарҳҳои таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои узви ИДМ»  ва қонунҳои намунавӣ- «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография» ва «Дар бораи фаъолияти театр» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

АКС аз Маҷлиси намояндагон

Май 26, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд