Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Биржаи меҳнатии муҳоҷирон» ба фаъолият шурӯъ намуд

Май 20, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Биржаи меҳнатии муҳоҷирон» ба фаъолият шурӯъ намуд. Федератсия ва ташкилоти ҳамузви он дар ҳамкорӣ бо ташкилоти иттифоқҳои касабаи давлатҳои узви ИДМ дар самти муҳоҷират ҳамкории тарафайн дошта, фаъолияти Биржаи меҳнатӣ дар оянда баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва муташаккилона сафарбар намудани онҳо тибқи шартномаҳои тарафайн бо шарикони хориҷӣ робитаҳоро  ба роҳ мемонад.

Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳадаф аз таъсиси “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон”-ро  васеътар татбиқ кардани ҳадафҳои оинномавии ташкилоти иттифоқҳои касаба арзёбӣ намуда, гуфт, ки алҳол иттифоқҳои касаба дар асоси имконоти нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамояд.

Директори биржа Юлдош Эшов иброз намуд, ки мақсади асосии корхона бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, расонидани кумаки амалӣ барои дарёфти ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб меравад.

АКС аз  маркази матбуоти ФИКМТ

Май 20, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст