Аввалин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ироқ мусовӣ анҷом ёфт

Май 25, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 24 май аввалин  бозии дӯстонаи дастаи   мунтахаби футболи Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби Ироқ дар Варзишгоҳи байналмилалии Басра хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 анҷом  ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

Ҳарду даста  дар аввалин бозии дӯстонаи худ барои задани гол хеле кӯшиши зиёд карданд, аммо натавонистанд ба дарвозаи якдигар тӯб ворид намоянд. Ҳамин тавр, ин рақобати ҷолиб  бидуни гол хотима ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  бо 21 бозингар — 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба  шаҳри  Басраи  Ироқ  сафар намудааст.

Ироқ – Тоҷикистон – 0:0

Тоҷикистон : Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров (Зоир Ҷурабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.

Май 25, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд