Аз бориши шадиди шаби 4 май сокинони деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод зарар диданд

Май 6, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 4 майи соли равон бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада,  бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд.

Тавре Сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Изатулло Эмомов дар суҳбат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, айни замон аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард корҳои барқароркунӣ  ҷараён доранд.

Хисороти расида асосан аз беэътиноии худи сокинон ба амал  омадааст, зеро онҳо мавзеъҳои обрави назди хонаҳояшонро тоза нигоҳ намедоранд. Дар натиҷаи чунин бориш ва омадани сел об вориди ҳавлиҳои истиқоматии онҳо мегардад.

Ҳамчунин аз бориши ба амал омада бахше аз заминҳои кишоварзӣ  ва қитъаҳои ёрирасони заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ва роҳбарони Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартараф кардани хисорот  фаъолият дошта, ҳаҷми зарари ба амал омадаро муайн менамоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор додааст, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то 7 май идома мекунанд. Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин обуҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро низ пешгӯӣ менамоянд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки зимни сафар ҳамеша эҳтиёткор бошанд.

Акс аз манбаи боз

Май 6, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид