Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мегардад, дар Қасри варзишии маркази вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд. Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, гӯштини тарзи озод, бокс, гӯштини камарбандӣ, велосипедронӣ, баскетбол, гӯштини юнонӣ- румӣ, камонварӣ, варзиши сабук, дзюдо, самбо, шиноварӣ, вазнбардорӣ, каратэ-до, пойгаи равон, шоҳмот, футбол, тенниси рӯи миз сурат гирифта, масъули баргузории мусобиқот Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мебошад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими оғози мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида, ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон маҳсуб мешавад.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳо ва қадршиносии дастаҳои иштироккунанда беш аз 420 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд то 26 май идома ёфта, иштироки дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар назар аст.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






