Барои гирифтани маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID метавонед ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ муроҷиат намоед
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» бо назардошти афзудани талаботи шаҳрвандони мамлакат барои гирифтани маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID-19, ки ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, ташхиси дурусту дақиқ ва саривақтӣ пешниҳод менамояд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, натиҷаи ташхиси тестии шаҳрвандон барои муайян намудани бемории коронавирус дар озмоишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ давоми 5-6 соат омода ва пешниҳод карда мешавад.
Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.
Инчунин вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат мебошад.
Дар пайи ба эътидол омадани вазъи санитарию эмидемиологӣ, махсусан вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон пас аз моҳҳо қатъ гардидани парвозҳои ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷӣ, хушбахтона, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд кишварҳо, хосатан Россия парвозҳои ҳавоӣ аз нав оғоз гардиданд.
Тибқи талабот, аз ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба ин ё он давлат сафар менамояд, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо ҳатман маълумотнома оид ба ташхиси бемории коронавирус талаб карда мешавад.
Суроғаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ: ш. Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо).








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






