Барои котибони ҳайати байнипарлумонии кишварҳои аъзои АП САҲА тренингҳои техникӣ-иттилоотӣ доир мешаванд

Май 5, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи Парлумонии  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (АП САҲА) 4, 6 ва 11 май бо котибони ҳайати байнипарлумонии кишварҳои аъзои АП САҲА оид ба тартиби овоздиҳӣ зимни ҷаласаҳои солонае, ки дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор мегарданд, тренингҳои техникӣ-иттилоотӣ доир менамояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар тренингҳои мазкур Наҷибулло Оқилзода — сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, котиби ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон дар Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок менамоя.

Дар ҷараёни тренингҳои доиршуда намояндагони котиботи АП САҲА дар бораи ҷанбаҳои амалӣ ва расмии ташкилии баргузории иҷлосияи солонаи АП  САҲА, аз ҷумла имконоти имконпазири баргузории ҷаласаҳои онлайн ва ғайринавбатӣ, ҷадвал ва тақвими кор, ҷараёни интихоби роҳбарияти АП САҲА, маълумот оид ба ҷанбаҳои техникии кор, аз ҷумла системаи овоздиҳии электронӣ ва истифодаи системаи бақайдгирии электронӣ барои аъзои ҳайатҳо муколамаи афкор намуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва АП САҲА тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидаанд.

АКС аз Маҷлиси намояндагон

Май 5, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид