Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб

Май 12, 2021 20:54

ДУШАНБЕ, 12.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзод ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, тоза намудани лою гил ва расонидани кумак ба сокинони шаҳри мазкур аз ҷониби кормандони милитсия корҳои бартарафсозӣ ҷараён доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Айни замон, барои тоза намудани лою гил мошинҳои сухторхомӯшкунӣ, мотопомпаҳо ва дигар техникаю таҷҳизот ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар гардида, дар ин рӯзҳои душвор дар бари мардуми сарбаланди Кӯлоб қарор дошта, рисолати худ, яъне хизмат ба халқу Ватанро содиқона иҷро намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 11 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода,, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Май 12, 2021 20:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон