Бо кумаки Сафорати ИМА дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нуқтаи робитаҳои сарҳадӣ ҷиҳати мубориза бо қочоқ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) маросими ботантанаи ба итмом расонидани сохтмони Идораи робитаҳои сарҳадиро (BLO) дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода, дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Идораи нави робитаҳои сарҳадӣ барои мубодилаи иттилоот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гумрук дар ҳарду тарафи марз бо мақсади мубориза бо қочоқи одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қочоқи ғайриқонунӣ мусоидат менамояд.
Намояндагиҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар идораҳои навтаъсис дар якҷоягӣ кор хоҳанд кард.
Зимни сухани ифтитоҳӣ директори INL Сита Фаррелл бори дигар таъкид намуд, ки дастгирии ИМА аз амнияти марзии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. «Мо кӯшишҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва соҳибихтиёрӣ дастгирӣ хоҳем кард», — зикр намуд ӯ.
Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2012 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъсиси ду идораи робитаҳои сарҳадиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд, аммо ин аввалин нуқтаи сархадии роҳи оҳан дар Тоҷикистон мебошад. Он дар баробари нуқтаи сарҳадӣ дар шаҳраки Кудуклии Ӯзбекистон, ки фаъолияти хешро 18 май оғоз намуд, инчунин нахустин нуқтаи сарҳадии роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи лоиҳаи мазкур бо маблағи 708,000 доллари амрикоӣ сохтмони нуқтаи сарҳадии Пахтаобод ва таъмири идораи робитаҳои сарҳадии шаҳраки Кудуклӣ маблағгузорӣ гардид.
INL маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтори сарҳадиро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад, ки сохтмони ситоди нави дастаи сарҳадбонҳо дар Айваҷ ва посгоҳи марзии Чалдовар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз соли 2002 инҷониб ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон барои дастгирии бахши амният беш аз 300 миллион доллар кумак намудааст.
АКС аз Сафорати ИМА дар ҶТ








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






