БО ШУҒЛ ФАРО ГИРИФТАНИ ҶАВОНОН — ОМИЛИ КАМ ШУДАНИ СОДИРШАВИИ ҶИНОЯТ. Дар Тоҷикистон ҷавонони бешуғл ном ба ном рӯйхат карда мешаванд

Май 21, 2021 15:57

ДУШАНБЕ, 21.05.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони бешуғл ном ба ном рӯйхат карда шуда, ҷиҳати то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25-сола чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар робита ба ин, имрӯз зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро вазифадор карданд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар иртибот ба супориши Паёми Роҳбари давлат дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25-сола ва махсусан, бо роҳи зиёд кардани курсҳои касбомӯзӣ чораҳои мушаххас андешанд.

«Таъкид месозам, ки бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.

Шореҳи адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло гаравиши аксари наврасону ҷавононро ба амалҳои номатлуб аз бекорӣ, беҳадафию бедонишӣ арзёбӣ мекунад.

«Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои ба самти солим бурдани зиндагӣ ва амалиёти наврасону ҷавонони мо андешидани чораву машғулиятҳои муфид ва манфиатоварест, ки ҳам ононро машғул медоранд ва ҳам барои камолоти инсонияшон раҳнамоӣ мекунанд. Омӯхтану гирифтани баъзе таҷрибаҳои неку баманфиат аз гузаштаи наздикамон низ ба манфиати кор хоҳад буд. Банда ба ба ёд меорам, ки дар замони наврасиамон дар мактабҳо, хонаҳои пионерон ва ғайра маҳфилу машғулиятҳои ҳунарии зиёде берун аз дарс  амал мекарданд, ки аксари мактаббачагон шомили онҳо буданд ва дар он ҷо ҳунаре, пешаеро аз чӯбкорӣ, ҳатто кор бо дастгоҳи коркарди оҳан то гилкорию рассомию навозандагӣ ва  ронандагӣ меомӯхтанд. Хуб мебуд он таҷрибаи муфид имрӯз ҳам  барқарор карда шавад», —  зикр намуд шоир.

                              АКС: Хадамоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 21, 2021 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»