Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба соли 2022 гузаронида шуданд

Май 6, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Панҷумин  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки мебоист 10-19 сентябри соли равон  дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешуд, як сол ба таъхир афтод. Ба барномаи 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш: варзиши сабук; камонварӣ; бадминтон; баскетбол 3х3; бочче; велосипедронӣ; шамшербозӣ; футбол; гимнастика; ҳендбол; дзюдо; каратэ; кикбоксинг; шиноварӣ; тенниси рӯи миз; таэквондо (WTF); волейбол; вазнбардорӣ; гӯштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид гардидаанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамаи масъалаҳо дар робита ба тадорукоти 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.

Бо сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд, ки 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9 то 18 август баргузор карда шавад.

Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо 20-29 августи соли 2021 доир мегарданд. Вале баъд аз он ки моҳи марти соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуданд, замони баргузории Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19 сентябри соли 2021 муайян гардид.

Май 6, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид