Бозии Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал 5 июн баргузор мегардад

Май 23, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 23.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футзали Тоҷикистон санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 оид ба футзалро тасдиқ кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозии ифтитоҳи мавсим байни қаҳрамони феълии футзали кишвар дастаи «Сипар» ва барандаи Ҷоми кишвар «Соро компания» рӯзи шанбеи 5 июн дар маҷмааи Қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд соати 16:00 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал байни «Соро компания» ва «Сипар» дар Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи хуҷандӣ бо натиҷаи 4:2 ба анҷом расида буд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2021 оид футзал

5 июн (шанбе)

Оғози бозӣ 16:00

«Сипар» (Хуҷанд) – «Соро компания» (Душанбе)

Маҷмааи Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд

АКС аз ФФТ

Май 23, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд