Чаҳор варзишгари шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 май дар шаҳри Аммони Урдун Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба таэквондо баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо дар ҳайати 4 нафар варзишгар ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар гардид. Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80кг) миёни мардон, Муниса Ойматова (-49кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) миёни бонувон талош мекунанд. Онҳоро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов, Шамсулло Қодиров ва Чонг Чон Фи ҳамроҳӣ мекунанд.
Варзишгароне, ки ҷойҳои якуму дуюмро сазовор мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.
Ёдрас менамоем, ки Муниса Ойматова ва Моҳру Ҳалимова аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ кӯшиш мекунанд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






