Чемпионати Осиё оид ба бокс 21 май дар Дубай оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 02.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати қарибулвуқуи Осиё оид ба бокс на дар Деҳлии Ҳиндустон, балки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Чемпионат 21 май оғоз ва то 1 июн идома меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарияти Конфедератсияи бокси Осиё вазъиятро дар робита ба пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон зери назар дошт, ки ахиран рӯз ба рӯз бадтар мегардад. Бо ин сабаб тасмим гирифта шуд, ки чорабинӣ дар Дубай гузаронида шавад.
«Маъмурияти Конфедератсияи бокси Осиё ва роҳбарияти созмон омодаанд ба ҳар дастае, ки дар бақайдгирӣ ва ҳар масъалаи дигар ба дастгирӣ ниёз доранд, кӯмак кунад» – омадааст дар изҳороти ин созмон.
Қоидаву шароитҳои иштирок дар чемпионат ҳамон тавре ҳаст, ки дар роҳнамои ҳайати дастаҳо, ки аввали моҳи март ба федератсияҳои миллӣ дастрас шуда буд, зикр гардидааст. Муштзанҳое, ки давоми солҳои 1980 то 2002 таваллуд шудаанд, метавонанд дар чемпионат ширкат намоянд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни бонувон: (48кг; 51кг; 54кг; 57кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; +81кг) ва 10 категорияи вазнӣ миёни мардон: (49кг; 52кг; 56кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; 91кг; +91кг) сурат мегирад.
Ба иттилои Федератсияи дӯстдорони бокси Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё-2021 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар номнавис шудаанд:
Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-51кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
-69кг – Нилуфар Бобоёрова
Мардон
-52кг – Иззатулло Алиев
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Сомон Ҳабибов
-64кг – Баҳодур Усмонов
-69кг – Саидикром Амонов
-75кг – Мирзомуҳаммад Бахтиёр
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров
Онҳоро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






