COVID-19. Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои «Аэрофлот» аз Катманду ба Москва оварда шуданд

Май 18, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот» барои баровардани шаҳрвандони Россия аз Непал парвози махсус анҷом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ин ҳавопаймо аз Непал  ба Москва   парвоз карданд, хабар медиҳад агентии Sputnik бо истинод ба хадамоти матбуоти Россотрудничество.

Ин парвоз аз ҷониби сафорати Россия дар якҷоягӣ бо  «Русский дом»  дар Катманду ташкил гардид.

Ҳамчунин, сокинони Беларус, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Озарбойҷон, Лаҳистон, Литва ва Малта аз ин  имконият истифода бурда, бо ҳавопаймои Россия аз Непал берун шуданд.

«Дусаду панҷоҳу се нафар аз Катманду парвоз карданд»,-зикр намуданд дар Россотрудничество.

Ҳавопаймои «Аэрофлот» мусофиронро ба фурудгоҳи Шереметйевои Москва, тахминан соати 14:30 ба вақти Москва (16:30 ба вақти Душанбе) расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари афзоиши шадиди шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишвар, Непал оғози моҳи май парвозҳои дохилӣ ва хатсайрҳои автобусҳоро манъ кард. Инчунин парвозҳои байналмилалӣ то 14 май қатъ ва баъдан манъи он то поёни сол тамдид карда шуд.

То 18 май дар Непал 464,218 ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Непал 5,215 нафарро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои тасдиқшудаи табобати пурра аз ин вирус 345 523 адад мебошад.

                                          АКС: © Sputnik / Константин Чалабов

Май 18, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон