COVID-19. Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои «Аэрофлот» аз Катманду ба Москва оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот» барои баровардани шаҳрвандони Россия аз Непал парвози махсус анҷом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ин ҳавопаймо аз Непал ба Москва парвоз карданд, хабар медиҳад агентии Sputnik бо истинод ба хадамоти матбуоти Россотрудничество.
Ин парвоз аз ҷониби сафорати Россия дар якҷоягӣ бо «Русский дом» дар Катманду ташкил гардид.
Ҳамчунин, сокинони Беларус, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Озарбойҷон, Лаҳистон, Литва ва Малта аз ин имконият истифода бурда, бо ҳавопаймои Россия аз Непал берун шуданд.
«Дусаду панҷоҳу се нафар аз Катманду парвоз карданд»,-зикр намуданд дар Россотрудничество.
Ҳавопаймои «Аэрофлот» мусофиронро ба фурудгоҳи Шереметйевои Москва, тахминан соати 14:30 ба вақти Москва (16:30 ба вақти Душанбе) расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари афзоиши шадиди шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишвар, Непал оғози моҳи май парвозҳои дохилӣ ва хатсайрҳои автобусҳоро манъ кард. Инчунин парвозҳои байналмилалӣ то 14 май қатъ ва баъдан манъи он то поёни сол тамдид карда шуд.
То 18 май дар Непал 464,218 ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Непал 5,215 нафарро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои тасдиқшудаи табобати пурра аз ин вирус 345 523 адад мебошад.
АКС: © Sputnik / Константин Чалабов








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






