Дар Бадахшон беш аз 25 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид

Май 26, 2021 13:03

ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Барчиди Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбековичро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуда, аз ӯ 50 адад бастаҳои селофании скотчпечи дорои моддаҳои ҷигариранг ва бӯи махсусро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад.

Фаромуз Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум аст, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор  ба миқдори махсусан калон даст задааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович бо моддаҳои 200, қисми 4, банди “д” ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовар

Май 26, 2021 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид