Дар Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 кумакпулии Пешвои миллат ва Раиси шаҳрро дастрас намуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба аёдати иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 рафта, ба ҳар яки онҳо кумакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 1500 сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 750 сомонӣ аз номи раиси ноҳияи Сино тақдим намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи мазкур зимни аёдати иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 бо шароити зисти онҳо аз наздик шинос шуда, аз мушкилоти рӯзгорашон пурсон шуда, дар ҳошияи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе баҳри ҳалли саривақтии дархосту пешниҳоди онҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамин тариқ аз ин туҳфаҳои пулӣ дар умум 6 нафар иштирокчии ҶДҶ дар ноҳияи Сино баҳраманд гаштанд. Дар ин зимн аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ дастрас карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945 чунин кумакҳо расонида шуданд.















Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






