Дар Душанбе гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баъди таъмиру навсозӣ гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввора бо масоҳати умумии 310 метри мураббаъ аз нав сохта шуда, 2 адад фаввораи мавҷуда бо масоҳати 350 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ карда шудааст. Атрофи гулгашт бо сангҳои гуногун, дохили он бо тахаюли рангин ороиш дода шуда, гулу буттаҳои рангоранг ва майсазорони назаррабо онро боз ҳам мунаққаштар гардонидааст.
Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар кушодашавии гулгашти мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ва дигар масъули соҳа иштирок намуданд.
«Корҳои таъмиру навсозии гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз 15 июни соли 2020 оғоз ёфта, он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутобиқи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ гардид. Гулгашти нав дар арафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа барои сокинону меҳмонони пойтахт маҳсуб мешавад”,-афзуд манбаъ.
Дар ҳудуди гулгашт роҳравҳо бо фурӯзонакҳои ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки шабонгоҳон ба ин мавзеъ шукӯҳи тоза мебахшад.
Масоҳати умумии гулгашт беш аз 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, иҷрои корҳои сабзазоркунӣ масоҳати беш аз 2 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар гулгашт дарахтон ва ниҳолу гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар пойтахт чор пул, се гулгашту сайргоҳ ва чандин иншооти дигари муҳими аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатидошта сохта мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.
Мояи ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомоти пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат рӯз то рӯз зебою хуррам гардида истодааст.












Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






