Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ ифтитоҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» (Тоҷикистон) ва «Кудуклӣ» (Ӯзбекистон) дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ /ДҲС/ дар маросими расмӣ ифтитоҳ гардиданд.
Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ аз ҷониби намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.
«Таъсиси дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод» ҷузъи навбатии системаи умумии ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. Фаъолияти он ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории байниидоравӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Мо ба Ҳукумати Амрико ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои дастгирии татбиқи ин ташаббус ва ҳамкорӣ дар таъмини амнияти сарҳад изҳори сипос мекунем», — гуфт муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Насимҷон Раҷабзода дар маросими ифтитоҳи дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ.
«Фаъолияти барнома оид ба таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ бо сохтани бино ва таъмин намудани таҷҳизот маҳдуд намешавад. Барнома ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории фаромарзӣ, ки барои ҳифзи муваффақонаи марз заруранд, фаъолона саҳм мегузорад. Дафтарҳои ҳамкории сарҳадии дар «Пахтаобод» ва «Кудуклӣ» таъсисёфта аввалин дафтарҳое мебошанд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ ҷойгиранд. Бо ифтитоҳи онҳо марҳилаи нави фаъолияти барномавӣ оғоз меёбад», — директори Шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатии Ҳукумати Амрико дар Душанбе гуфт Сита Фаррелл.
Намояндаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал зикр намуд, ки фаъолияти ин дафтарҳо ба таҳкими амнияти сарҳад ва ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.
«Лоиҳаи таъсиси чунин дафтарҳо бунёди механизмеро дар назар дорад, ки тавассути он хадамоти сарҳадии кишварҳои ҳамсоя метавонанд иттилооти стратегии марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам фаромарзӣ табодул намоянд. Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ тақвияти иқтидори дафтарҳои ҳамкории сарҳадиро дар Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи худ доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2025 бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкории фаромарзӣ, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома хоҳад дод», — гуфт хонум Ашита Миттал.
«Дар шароити кунунӣ дафтарҳо воситаи тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ мебошанд. Ташаббуси кушодани дафтарҳои сарҳадӣ таъсиси механизми беназири мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад. Дар оянда ин дафтарҳо дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт», — гуфт муовини раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Уткир Қодиров.
Таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар якчанд гузаргоҳҳои сарҳадии Осиёи Марказӣ ба ташаккули заминаи ҳамкории минбаъдаи самарабахши байниидоравӣ ва фаромарзӣ, инчунин табодули иттилоот барои муборизаи самаранок бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ мусоидат мекунад. Дафтарҳо ҳамзамон ба густариши тиҷорати қонунии байналмилалӣ мусоидат мекунанд. То имрӯз 19 дафтар дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Қазоқистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.
Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар доираи лоиҳаи «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии афюни афғонӣ, бо роҳи пурзӯр кардани иқтидори гузаргоҳҳои калидӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ»-и зербарномаи 1 «Мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии терроризм»-и Барномаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешаванд. Ҷонибҳои манфиатдор дар ин лоиҳаи аввалини таъсиси Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ хадамоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, инчунин мақомоти назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазоратҳои корҳои дохилии ҳар як кишвари ширкаткунанда мебошанд.
Аксҳо аз намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






