Дар ноҳияи Б.Ғафуров муомилоти ғайриқонунии металли қиматбаҳо пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия марди 32-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар назди бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров барои фурӯхтани 14 грамм хокаи тилло бар ивази 8 ҳазору 100 сомонӣ дастгир намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Тибқи хулосаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хокаи мазкур ба гурӯҳи металли қиматбаҳо дохил шуда, вазнаш 19,80 граммро ташкил медиҳад. Арзиши умумии хокаи тилло бо назардошти иёри миёна (90% тиллои таркибӣ) 11 ҳазору 795,42 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.
АКС: ВКД ҶТ








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






