Дар вилояти Хатлон амалиёти рамзии «Пиёдагард» ҷараён дорад

Май 26, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 май дар вилояти Хатлон амалиёти мақсаднок бо номи рамзии «Пиёдагард» оғоз гардидаст, ки он то 30 майи соли равон  идома меёбад. Амалиёти мазкур бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардону велосипедронҳо  аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодааст.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки ҷойҳои манъшударо убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо аҳолӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт вохӯриҳо гузаронида мешаванд, ки ба ошкор ва пешгирии ҳолатҳои аз тарафи пиёдагардон, велосипедронҳо, кӯдакону наврасон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, яъне аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур намудани роҳ, дар қисмати мошингарди роҳ идора намудани велосипеду мотоаробаҳо сафарбар карда шудаанд.

Новобаста аз он ки кормандони шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон бо пиёдагардон оид ба ҳаракати дуруст дар роҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиёдагардон ҳангоми убури роҳ аз чароғаки роҳнамо аломатҳои танзимкунандаро истифода накарда, сабаби ба вуҷуд овардани ҳолатҳои хатарноку садамавӣ мегарданд.

 

АКСҲО аз ВКД ҶТ

Май 26, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд