Дар Ёвон кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола расониданд

Май 6, 2021 10:22

ЁВОН, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941-1945) намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ба манзили бобои Хуҷа Дарвешов, сокини  96-солаи деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон омада, паёму кумаки молиявии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин шахси шуҷоъ ва ҳомии Ватан расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 аз ноҳияи Ёвон қариб 2500 нафар  иштирок карда, беш аз 1500 нафари онҳо  дар роҳи мубориза  ҳалок шудаанд.  Аз шумораи он 1000 нафаре, ки  аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба  назди волидон  ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ як нафари онҳо дар қайди ҳаёт аст, ки бобои Хуҷа Дарвешови 96- сола аз деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад.

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Май 6, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад