Дастаи наврасони Истаравшан дар мусобиқаи байналмилалии Ӯзбекистон оид ба футбол соҳиби медалҳои тилло шуд

Май 11, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи Ташкилоти давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ байни кӯдакони солҳои таваллуди 2009-2010 гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи Ташкилоти давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан хотима ёфт. Мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасони солҳои таваллуди 2009-2010, ки дар  Бекобод баргузор гардид, ба Рӯзи металлургҳо бахшида шуда буд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси шаҳри Истаравшан ҳамсолони худ аз Самарқандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар бозии дуюм онҳо бо ҳамин ҳисоб «Насаф» -ро шикаст доданд. Дар бозии нимниҳоӣ дастаи Истаравшан бар дастаи АГМК-1-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Вохӯрии ниҳоӣ бо мизбонони мусобиқа- дастаи «Металлург» -и Бекобод бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои 11-метра футболбозони навраси тоҷик мизбононро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуда, барандаи ҷоизаи асосии мусобиқаи мазкур шуданд.

Ин дуюмин мусобиқаи байналмилалиест, ки дастаи наврасони шаҳри Истаравшан дар он соҳиби медалҳои тилло мешавад.

АКС: ФФТ

Май 11, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд