Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои як оилаи аз офати табиӣ зарардида манзили истиқоматӣ месозад

Май 18, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмим гирифтаанд, ки  аз рӯи лоиҳаи манзили истиқоматии аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  тасдиқгардида  барои як оилаи аз офати табиӣ осебдида дар кӯчаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб хонаи  истиқоматӣ бунёд намуда, ҳамчунин дар таъмини он  бо  яхдон, телевизиор, қолин, рахти хоб  ва дигар ашёи рӯзгор  мусоидат намоянд.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, бо ҳамин мақсад 17 май ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдусалом Мирализода бо мутахассисону  масъулин макони сохтмони манзили истиқоматиро аз назар гузаронида,  бо соҳибмулк ва сармеъмори шаҳр ҷойи сохтмони биноро муайн намуданд. Мутахассисон тарҳи таҳхонаи  биноро кашида, ҳамзамон омӯзгорон ва донишмандон ба поксозиву бартараф кардани вайронаҳо пардохтанд.

Мавриди зикр аст, ки аз  ҳисоби омӯзгорон ва кормандони Доннишгоҳи мазкур 15 гурӯҳҳои ёрирасон ташкил дода шуданд, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пок кардан ва ба тартиб даровардани хонаву ҳавлиҳои осебдидагон ёрии амалӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини  шаҳри Кӯлоб  ба ҳалокат расида, даҳҳо  хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои  мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди  маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.  Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома  дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.

Май 18, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад