Ду корманди Вазорати молия барои тасарруфи маоши кормандон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе нисбат ба Рузиева Наргис Меҳмондӯстовна ва Юсупова Тахмина Ятимовна парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Наргис Рузиева дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Тахмина Юсупова дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.
Дар ин асос нисбат ба Рузиева Н.М. ва Юсупова Т.Я. бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
АКС аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҶТ








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






