ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГИИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТРО БАЛАНД МЕБАРДОРЕМ. Дар ҳалқароҳи Душанбе монитори таблиғотӣ насб шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳалқароҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ ва Синои шаҳри Душанбе монитори таблиғотӣ насб гардид. Ҳадафи иқдоми мазкур баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, насби монитор дар ҷойи серодам яке аз роҳҳои нави иттилоърасонӣ ва маърифатбахшӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт дар самти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ маҳсуб мешавад.
Андозаи монитор 18 метри мураббаъ буда, бо формати НD ба сокинону меҳмонони пойтахт имконият медиҳад, ки аз масофаи дур низ видеороликҳои таблиғотии экологиро тамошо намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти мамлакат саҳм гузоранд. Монитор сифати баланд дошта, бо системаи электронии замонавӣ идора мегардад.
Монитори таблиғотӣ дар гӯшаҳои пойтахт бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)» насб гардид.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






