ФУТБОЛ. 29 май дар Шарҷа бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии навбатии дӯстонаашро дар доираи омодагӣ ба бозиҳои ҷамъбастии интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 29 май доир мекунад. Дар ин рӯз шогирдони Усмон Тошев дар Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад дар Шарҷа (АМА) ба муқобили дастаи мунтахаби Тайланд бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо соати 21:45 бо вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
24 май аввалин бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ироқ дар Варзишгоҳи «Ал-Файҳ»-и Ироқ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 анҷом ёфта буд.
Ҳарду даста дар аввалин бозии дӯстонаи худ барои задани гол хеле кӯшиш карданд, аммо натавонистанд ба дарвозаи якдигар тӯб ворид намоянд. Ҳамин тавр, ин рақобати ҷолиб бидуни гол хотима ёфт.
Ин бори дуюм аст, ки дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тоҷикистон байни ҳам вомехӯранд. Дар бозии аввал, ки 3 августи соли 1999 дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, дастаи мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд. Голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро он вақт Тоҳир Муъминов ба нишон расонида буд.
Бозии рафиқона
Ироқ – Тоҷикистон – 0:0
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






