ФУТБОЛ. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳо ба муқобили дастаҳои Ироқ ва Тайланд муайян шуд

Май 19, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронро муайян кард, ки барои омодагӣ ба бозиҳои рафиқона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май, Басра) ва Тайланд (29 май, Дубай) даъват карда мешаванд. Ҳайати дастаи   мунтахаби  Тоҷикистон аз 25 бозингар иборат хоҳад буд – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар, 5 ҳамлагар. Аз ҷумла ба дастаи миллӣ 7 легионер даъват гардидаанд – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), ҳамлагарон Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия) ва Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова).

Тавре  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дастаи мунтахаби  Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода 20  май дар Душанбе шурӯъ мекунад. 22 май ҳайати даста барои бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби  Ироқ ба Басра сафарбар мегардад. Пас аз бозӣ ҳайати даста ба АМА меравад ва дар Шарҷа бо дастаи миллии Тайланд вомехӯранд. Баъдан дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ба Осакаи Япония сафарбар гардида, дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои мунтахаби Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) анҷом медиҳад.

Ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозиҳои рафиқона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май) ва Тайланд (29 май).

Дарвозабонҳо:

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)

Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Ҳимоятгарон:

Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон)

Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)

Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)

Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)

Нимҳимоятгарон:

Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)

Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)

Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон)

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)

Ислом Зоиров («Истиқлол»)

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)

Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)

Алиҷони Айнӣ (озод)

Ҳамлагарон:

Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)

Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Рустам Соиров («Истиқлол»)

Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

                                                                                                                                                          Аксҳо аз ФФТ     

Май 19, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд