ФУТБОЛ. Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан» имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст доданд

Май 18, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои  футболи Тоҷикистон: барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020-  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020-  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  имконияти аз гурӯҳҳои худ баромаданро аз даст дода, аз идомаи мубориза барои Ҷоми КФО-2021 маҳрум шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии  даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ дар гурӯҳи «F» дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  аз дастаи   «Насаф»-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид. Ин бозӣ 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи  «Олтин Асир»-и Туркманистон бар дастаи футболи  «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.

Дар гурӯҳи «Е» дар шаҳри  Бишкек дастаи футболи  «Аҳал»-и Туркманистон дастаи  «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, новобаста ба натиҷаи бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи «Е» дастаи «Аҳал»-и Туркманистон бо 6 хол ғолиб шуд. Дар гурӯҳи «F» «Насаф»-и Ӯзбекистон  бо 6 хол, «Олтин Асир»-и Туркманистон бо 4 хол дар ҷойҳои якуму дуюм мавқеъ доранд ва барои ғолиби гурӯҳ шудан дар даври сеюм  байни ҳам вомехӯранд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ 20  май баргузор мешаванд. Дар Душанбе дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи  «Олой»-и Қирғизистон ва дар шаҳри  Бишкек дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо дастаи  «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Ӯзбекистон) — 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» — 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Насаф» (Ӯзбекистон)  2  2  0  0  7-0  6
 2  «Олтин Асир»(Туркманистон)  2  1  1  0  7-6  4
 3  «Хуҷанд» (Тоҷикистон)  2  0  1  0  2-5  1
 4  «Олой» (Қирғизистон)  2  0  0  2  4-9  0

Бозиҳои оянда:

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
17:00. «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
21:05. «Хуҷанд» (Тоҷикистон)– «Олой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
«Дордой»-и Қирғизистон – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Аҳал» (Туркманистон)  2  2  0  0  5-1  6
 2  «Равшан» (Тоҷикистон)  1  0  0  1  1-3  0
 3  «Дордой» (Қирғизистон)  1  0  0  1  0-2  0

Бозиҳои оянда:
3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
19:00. «Дордой» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

                                                                                               АКС аз ФФТ

Май 18, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад