ФУТБОЛ. «Хатлон» ва «Хуҷанд» дар даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Май 7, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ду  бозии даври  шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз   дастаи  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар бо ҳисоби 2:1 шикаст  хӯрд. Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ дастаи футболи    «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  аз дастаи  футболи    «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби  3:2 мағлуб гардид.  Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз 30 апрел то 1 май бозиҳои даври  панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд.  Дар ин давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  4 голи беҷавоб зад. Ғалабаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро дар ин бозии ҷолиб   Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов таъмин намуданд.

Бозӣ миёни дастаҳои  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  – КМВА-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  мусовии 1:1  анҷом ёфт. Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 бохтариҳоро ба пеш баровард, вале Комрони Мирзохон аз дастаи артиш баъди 6 дақиқа ҳисобро баробар кард. Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар як бозии пуршиддат бар дастаи  футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Кӯлобиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромаданд, вале ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони  дастаи  футболи  «Душанбе» Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзии дастаи  футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанберо таъмин намуданд. Ниҳоят, дар бозии охирини даври панҷум  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сафар бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби  2:3 ғолиб омад. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро дар ин бозии ҷолиб Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои дастаи  «Эсхата»-ро Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 13 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 6-ум

 6 май  (Панҷшабе)

 «Равшан» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Нуриддин  Ҳамроқулов, 17 (0:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 79 (0:2). Эффах Кингслей Осей, 90+3 (1:2).

 «Истаравшан» – «Хуҷанд» – 2:3

Голҳо: Артём Сердюк, 31 (0:1). Артём Сердюк, 45 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 47 (1:2). Бахтиёр Абдураҳмонов, 78 (2:2). Артём Сердюк, 83 (2:3).

8 май (Шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Кӯктош» – «Душанбе»

9 май (Якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – КМВА «Помир»  

«Файзканд» – «Эсхата»

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 5-ум

30 апрел (панҷшанбе)

 «Хуҷанд» – «Кӯктош»

Голҳо: Дилшод Бозоров, 41 (1:0). Далер Ёдгоров, 68 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 90+2 (3:0). Тоҳир Малодустов, 90+3 (4:0).

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

«Хатлон» – КМВА-1:1

Голҳо: Сунатулло Исмоилов, 67 (1:0). Комрони Мирзохон, 74 (1:1)

Варзишгоҳи «Пахтакор». Бохтар

1 май (шанбе)

«Эсхата» – «Истаравшан» – 2:3

Голҳо: Акобир Тураев, 23 (1:0). Ҷаҳонгир Сафаров, 36 (1:1). Мубинҷон Муминов, 59 (2:1). Отабек Каримов, 76 (2:2). Фирӯз Раҳматов, 90+1 (2:3).

 Варзишгоҳи «Пахтакор». Хуҷанд

 «Душанбе» – «Равшан» – 4:2

Голҳо: Алишер Эргашев, 13   (0:1). Муҳаммад Ризомов, 29 (1:1). Аваз  Қамчинов, 51 (1:2). Изатулло Рузиев, 66 (2:2). Амир Мемари Манеш, 75 (3:2). Изатулло Рузиев, 87   (4:2).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

 

АКС аз ФФТ

Май 7, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд