ФУТБОЛ. «Хуҷанд» ба дастаи «Олой»-и Қирғизистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020- дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бар дастаи «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Пирӯзии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Абдулмуъмин Забиров имконпазир гардид. Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон- дастаи футболи «Насаф» дар ҳар се бозӣ пирӯз шуда, ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2021 гардид. Акнун дар даври финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021 дастаи футболи «Насаф»-и Ӯзбекистон бо дастаи «Аҳал»-и Туркманистон, ки дар гурӯҳи «Е» ғолиб шуд, бозӣ мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Ӯзбекистон) — 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» — 4:5
Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)
Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
«Дордой»-и Қирғизистон – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «F». 3-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон) – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Абдулмуъмин Забиров, 50 (2:0).
«Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 2:0
Голҳо: Шоҳмалик Комилов, 27 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳусайн Норчаев, 35 (2:0).
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Насаф» (Ӯзбекистон) | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-0 | 9 |
| 2 | «Хуҷанд» (Тоҷикистон) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
| 3 | «Алтин Асир» (Туркманистон) | 3 | 1 | 1 | 1 | 7-8 | 4 |
| 4 | «Алай» (Қирғизистон) | 3 | 0 | 0 | 3 | 4-11 | 0 |
Гурӯҳи «Е». 3-юм давр
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:3
Голҳо: Коҷо, 17 (0:1). Абай Боколеев, 39 (0:2). Абай Боколеев, 83 (0:3).
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Аҳал» (Туркманистон) | 2 | 2 | 0 | 0 | 5-1 | 6 |
| 2 | «Дордой» (Қирғизистон) | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
| 3 | «Равшан» (Тоҷикистон) | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-6 | 0 |








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






